Мизони ақли худро чигуна бисанҷем? 10 нишонаи камоли ақл ба баёни Имом Ризо (а)
(last modified 2024-09-28T10:54:13+00:00 )
Сентябр 28, 2024 15:54 Asia/Dushanbe
  • Мизони ақли худро чигуна бисанҷем? 10 нишонаи камоли ақл ба баёни Имом Ризо (а)

Порс тудей-Мутобиқи оёти Қуръон ва ривоятҳои Паёмбари гиромии Ислом (с) ва аҳли байт (а), ақл абзори убудийят ва саодат аст.

Шояд то кунун ин саволро аз худ пурсида бошед, ки нишонаҳои шахси оқил чист ва чӣ вежагиҳое дорад. Дунёи модерн, фарохури моҳияташ намунаҳо ва арзёбиҳои наверо аз ақлоният ироа кардааст, ки аз ҷумлаи онҳо метавон ба муваффақиятҳои таҳсилӣ, касби қудрат, андухтани сарвати саршор ишора кард. Ҳамаи ин вежагиҳо дар ҷойи худ арзишманд ҳастанд, аммо арзиш додани ифротӣ ба ин хусусиятҳо то ҳадде, ки бар ахлоқ ва инсоният афзалият ёбанд ва афрод барои касби чунин муваффақиятҳое аз марзҳои ахлоқ гузар ва дигаронро қурбони хостаҳои дунявии худ кунанд, писандида нест. Дар ин матлаб аз Порстудей нигоҳе ба ин масъала андохтаем:

 Дар нигоҳи динӣ ва исломӣ ва аз як манзар ақл он чизе аст, ки инсонро аз бадӣ боздорад ва ба сӯи хайрот ва хубиҳо даъват кунад. Бад-ин тартиб нишонаи камоли ақл низ аз ин тариқ шинохта мешавад: Онки бештар ба самти хубӣ ва хайр ҳаракат мекунад ва бештар аз шарр ва бадӣ дурӣ меҷӯяд.

 Имом Ризо (а)-имоми ҳаштум аз хонадони Паёмбари гиромии Ислом (с) ва аз ҳодиёни дини Паёмбар, дар хусуси камоли ақл 10 нишона баршумурдаанд.

 Имом Ризо (а) мефармоянд:

 

 «لا یَتِمُّ عَقْلُ امْرِء مُسْلِم حَتّى تَکُونَ فیهِ عَشْرُ خِصال: أَلْخَیْرُ مِنْهُ مَأمُولٌ. وَ الشَّرُّ مِنْهُ مَأْمُونٌ. یَسْتَکْثِرُ قَلیلَ الْخَیْرِ مِنْ غَیْرِهِ، وَ یَسْتَقِلُّ کَثیرَ الْخَیْرِ مِنْ نَفْسِهِ. لا یَسْأَمُ مِنْ طَلَبِ الْحَوائِجِ إِلَیْهِ، وَ لا یَمَلُّ مِنْ طَلَبِ الْعِلْمِ طُولَ دَهْرِهِ. أَلْفَقْرُ فِى اللّهِ أَحَبُّ إِلَیْهِ مِنَ الْغِنى. وَ الذُّلُّ فىِ اللّهِ أَحَبُّ إِلَیْهِ مِنَ الْعِزِّ فى عَدُوِّهِ. وَ الْخُمُولُ أَشْهى إِلَیْهِ مِنَ الشُّهْرَةِ. ثُمَّ قالَ(علیه السلام): أَلْعاشِرَةُ وَ مَا الْعاشِرَةُ؟ قیلَ لَهُ: ما هِىَ؟ قالَ(علیه السلام): لا یَرى أَحَدًا إِلاّ قالَ: هُوَ خَیْرٌ مِنّى وَ أَتْقى» (تحف العقول، ص 161)

 «Ақли шахси мусулмон тамом нест, магар ин, ки 10 хислатро доро бошад:

  1- аз ӯ умеди хайр бошад (аҳли хайру некӣ ба бандагони Худо бошад).

  2- дигарон аз бадии ӯ дар амон бошанд (озор ва газандаш ба дигарон нарасад).

  3- хайри андаки дигареро бисёр шуморад (қадрони муҳаббатҳои дигарон бошад).

  4- хайри бисёри худро андак шуморад (мутавозеъ ва фурӯтан бошад ва мағрур нашавад).

  5- ҳар чӣ ҳоҷат аз ӯ хоҳанд дилтанг нашавад (бахшанда ва кушодадаст бошад).

  6- дар умри худ аз доништалабӣ хаста нашавад (ташна ва ҷуёи илм ва дониш бошад).

  7- фақр дар роҳи Худо барояш аз тавонгарӣ (тавъам бо фасод) маҳбубтар бошад.

  8- хорӣ дар роҳи Худо барояш аз ҳамнишинӣ ва иззат бо душманони Худо маҳбубтар бошад.

  9- гумномиро аз пурномӣ хоҳонтар бошад (шаҳвати шӯҳрат надошта бошад).

  10. касеро нанигарад, ҷуз ин, ки бигӯяд: Ӯ аз ман беҳтар ва парҳезкортар аст».

 ва бад-ин рӯй дар соҳати дин, ақл василае барои убудийят ва касби ризои Худо аст ва оқил фарди обид шумурда мешавад, ки дар масири ончи ӯро ба биҳишт ва растгорӣ мерасонад, ҳаракат мекунад.

 

Барчасп