Тадриси «Таърихи динҳо» дар мактабҳои Қирғизистон
(last modified Mon, 13 Jun 2022 04:31:31 GMT )
Июн 13, 2022 09:31 Asia/Dushanbe
  • Тадриси «Таърихи динҳо» дар мактабҳои Қирғизистон

Ба фармони раиси ҷумҳурии Қирғизистон дар мактабҳо «Таърихи динҳо» тадрис мешавад.

Дар ҳоли ҳозир фақат ин дарс барои донишомӯзони синфи нуҳум тадрис мешавад, аммо эҳтимолан дар солҳои оянда барои пояҳои ҳафтуму ҳаштум низ бояд дарси “Таърихи адён” тадрис шавад.

Дар мавриди ин идея тавзеҳ дода шудааст, ки ифротгароӣ ва радикализм дар саросари ҷаҳон дар ҳол рушд аст ва ин раванд амнияти миллиро таҳдид мекунад.

Муаллимони ин дарс набояд бо фирқаҳои хосе иртибот дошта бошанд ва ҳамчунин дорои таҳсилоти олии илоҳиёту гувоҳии омӯзиши олӣ ё бозомӯзӣ дар заминаҳои муносиб бошанд.

Ҳамчунин салоҳияти муаллимонро кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва вазорати умури дохилӣ баррасӣ мекунанд.