Нахуствазир ва фармондеҳи кулли неруҳои мусаллаҳи Ироқ, рӯзи сешанбе ҳамзамон бо пирӯзиҳои ҷадиди неруҳои ин кишвар дар Мусил, ба ин шаҳр рафт.
Созмони Салиби Сурхи ҷаҳонӣ, ҳамлаҳои химиявии террористҳои ДИИШ алайҳи шаҳрвандони Мӯсилро маҳкум кард.
Ин рӯзҳо бо ҳузури нерӯҳои ироқӣ дар Мусил, парчамҳои сиёҳи ДИИШ яке пас аз дигаре поин кашида мешаванд.
Абубакр ал-Бағдодӣ саркардаи гурӯҳи террористии ДИИШ дар суханоне ба унвони хутбаи видоъ, ба шикасти давлати иддаоии худ эътироф кард ва аз аносири ин гурӯҳ хост ба манотиқи кӯҳистонӣ паноҳ бибаранд.
Ҳамзамон бо пешравии нерӯҳои мусаллаҳи Ироқ дар Мусил мардум бо дидани сарбозони ироқӣ, онҳоро дар оғуш гирифта, бо нуқлу ширинӣ аз онон истиқбол мекунанд ва аз шиддати шодӣ мегирянд.
Нерӯҳои Ироқ фурудгоҳи Мусил, маркази вилояти Найнаво, шимоли Ироқро ба контроли комил даровардаанд.
Нерӯҳои ироқӣ минтақаи Албусифро дар ду километрии Фурӯдгоҳи Мусил озод карданд.
Нахуствазири Ироқ бори дигар таъкид кард, ҳеҷ нерӯи хориҷии низомӣ барои мубориза бо гурӯҳи террористии ДИИШ дар Ироқ ҳузур надорад.
Сарвазири Ироқ Ҳайдар Ибодӣ аз шурӯи амалиёт барои озод кардани ғарби Мосул аз ҷангиёни ДИИШ хабар дод. Фармондеҳии ҷангиёни ДИИШ дар ҳарду ҷабҳаи Мосулро полковники фирории тоҷик Гулмурод Ҳалимов бар дӯш дорад.
Бо озодии бахши Ал-Айсар дар шарқи Мусил, парда аз ҷинояти ДИИШ дар мухолифат бо дониш ва огоҳӣ бардошта шуд.