Март 01, 2017 13:30 Asia/Dushanbe
  • Абубакр ал-Бағдодӣ хутбаи видоъ хонд

Абубакр ал-Бағдодӣ саркардаи гурӯҳи террористии ДИИШ дар суханоне ба унвони хутбаи видоъ, ба шикасти давлати иддаоии худ эътироф кард ва аз аносири ин гурӯҳ хост ба манотиқи кӯҳистонӣ паноҳ бибаранд.

Ба гузориши ИРНА, як манбаи огоҳ дар вилояти Найнаво дар шимоли Ироқ гузориш дод, ки саркардаи гурӯҳи террористии ДИИШ дар суханоне эътироф карда, ки ин гурӯҳ дар даргириҳои охир шикаст хӯрдааст.

Ал-Бағдодӣ бо ишора ба инки ин хутбааш хутбаи видоъ аст, аз неруҳояш хост бо фирор ба манотиқи кӯҳистонӣ дар Сурия ва Ироқ худро пинҳон кунанд.

Вай ҳамчунин аз неруҳои ДИИШ хостааст дар сурате, ки дар муҳосираи неруҳои ироқӣ қарор гирифтанд, худро мунфаҷир кунанд.

Ин манбаъ гузориш дод, ки саркардагони ин гурӯҳи террористии мавсум ба “Шӯрои муҷоҳидин” аз Талъафар ва Найнавои Ироқ ба тарафи Сурия гурехтаанд ва саркардагони наздик ба ал-Бағдодӣ дар марзи Сурия ва Ироқ рафтуомад мекунанд.

Амалиёти озодсозии бахши ғарбии Мусил бо мушорикати ҳудуди 100 ҳазор неруи Ироқӣ бо дастури Ҳайдар ал-Ибодӣ нахуствазири Ироқ аз ҳафтаи гузашта оғоз ва дар ин муддат бахшҳои густурдае аз ин минтақа озод шудааст.

Шаҳри Мусил пойгоҳи аслии ДИИШ дар Ироқ аст, ки аз 17 октябри 2016 то кунун озодсозии он дар чандин ҷабҳа идома дорад.

 

Барчасп