-
Маросими савганёди Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30 октябр баргузор мегардад
Октябр 16, 2020 18:31Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз баргузории нишасти муштараки ҳарду маҷлиси ин кишвар ба манзури баргузории маросими савганёди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар рӯзи 30 октябри соли ҷорӣ хабар дод.
-
Маскав: Интихоботи Тоҷикистон мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ анҷом шуд
Октябр 16, 2020 17:41Вазорати умури хориҷаи Русия бо интишори иттилоияе, интихоботи раёсатиҷумҳурии Тоҷикистонро мутобиқ бо стандартҳои байналмилалӣ донист.
-
Тавсеаи равобит - меҳвари ройзании мақомоти Тоҷикистон ва Афғонистон
Октябр 16, 2020 15:23Муовинини вазоратҳои умури хориҷаи Тоҷикистон ва Афғонистон дар нишасте маҷозӣ масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақаиро мавриди гуфтугӯ ва табодули назар қарор доданд.
-
Қонуни нави андози Тоҷикистон бо бандҳои бештару дарсади камтар
Октябр 15, 2020 10:07Коргурӯҳи вижаи Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи ислоҳи қонуни андозро омода кардааст, ки теъдоди бандҳои он афзоиш ва мизони молиёти дарёфтӣ андаке коҳиш хоҳад ёфт.
-
Душанбе: Тасмими ҷадиди содиротии Қазоқистон таъсире бар Тоҷикистон надорад
Октябр 15, 2020 08:47Мақомҳои тоҷик мегӯянд, мамнуъ шудани содироти гази мойеъ тавассути танкерҳо таъсире бар қимати ин навъи сӯхт дар Тоҷикистон нахоҳад дошт.
-
Як тоҷикистонӣ муовини нахуствазири Қирғизистон шуд
Октябр 14, 2020 17:51Бо пешниҳоди нахуствазири Қирғизистон, порлумони ин кишвар Равшанбек Собиров раиси анҷумани тоҷикони Қирғизистон мавсум ба Рӯдакиро ба симмати муовини нахуствазири ин кишвар мансуб кард.
-
Чаро таъсиси дафтари хабаргузории "Русия имрӯз" дар Тоҷикистон ҳафт сол тӯл кашид?
Октябр 14, 2020 17:19Бо гузашти ҳудуди ҳафт сол аз талошҳо барои таъсиси дафтари хабаргузории "Русия имрӯз" дар Тоҷикистон, вазири умури хориҷаи Русия аз Вазорати мухобирот ва иртибототи кишвараш хост ин мавзӯро ба таври ҷидди пайгирӣ кунад.
-
Афзоиши 39 нафарии шумори мубталоёни корона дар Тоҷикистон
Октябр 14, 2020 15:16Шумори беморони Ковид -19 дар Тоҷикистон бо шиносоии 39 мавриди ҷадид дар соати 19 рӯзи чаҳоршанбе 14 октябр ба 10 ҳазору 336 нафар расид.
-
Шиносоии 37 бемори дигари Ковид 19 дар Тоҷикистон
Октябр 13, 2020 18:58Шумори беморони Ковид 19 дар Тоҷикистон бо шиносоии 37 мавриди ҷадид дар соати 19 рӯзи сешанбе, 13 октябр ба 10 ҳазору 297 нафар расид.
-
Чаро Тоҷикистон шарики ҷолибе барои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нест?
Октябр 13, 2020 17:27Коршиноси масоили сиёсии Қазоқистон муътақид аст, ки Тоҷикистон шарики ҷолибе барои кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нест ва беҳтар аст дар оғоз ба узвияти нозири ин ниҳоди ҳамгароии минтақаӣ дарояд.