Тавсеаи равобит - меҳвари ройзании мақомоти Тоҷикистон ва Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i58371
Муовинини вазоратҳои умури хориҷаи Тоҷикистон ва Афғонистон дар нишасте маҷозӣ масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақаиро мавриди гуфтугӯ ва табодули назар қарор доданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 16, 2020 18:53 Asia/Dushanbe
  • тавсеаи равобити Тоҷикистон ва Афғонистон
    тавсеаи равобити Тоҷикистон ва Афғонистон

Муовинини вазоратҳои умури хориҷаи Тоҷикистон ва Афғонистон дар нишасте маҷозӣ масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақаиро мавриди гуфтугӯ ва табодули назар қарор доданд.

Хусрави Нозирӣ, муовини аввали вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва Мирвайси Ноб, муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Афғонистон дар нишасте маҷозӣ масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақаиро мавриди гуфтугӯ қарор доданд.

Ду тараф илова бар мавзӯоти ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақаӣ, ҳамчунин дар хусуси омодагӣ ба нуҳумин конфронси вузарои умури хориҷаи  «Раванди Истанбул - қалби Осиё», ки қарор аст дар шаҳри Душанбе баргузор шавад, суҳбату табодули назар карданд.