-
Додситонии кулли Тоҷикистон Хӯҷа Каримовро ба 20 ҷинояти куштор муттаҳам кард
Феврал 02, 2021 11:46Додситонии кулли Тоҷикистон Хӯҷа Каримов, аз фармондеҳони Фронти халқӣ дар даврони ҷанги дохилии ин кишвар дар солҳои 1992 то 1997-ро ба 20 ҷинояти куштор муттаҳам кардааст.
-
Муттаҳамони фурӯши ғайриқонунии замин дар Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Феврал 01, 2021 11:00Додситони кулли Тоҷикистон 12 гурӯҳ аз мақомоти ҳукуматии ин кишвар муттаҳам ба заминфурӯширо муаррифӣ кард.
-
Боздошти муовини Амонатбонки Тоҷикистон
Феврал 01, 2021 10:32Додситонии кулли Тоҷикистон аз боздошти муовини Амонатбонки ин кишвар ба иттиҳоми ҳамдастӣ ба интиқоли ғайриқонунии 15 миллион доллар ба хориҷа хабар дод.
-
Нахустин ибрози назари Далер Шарифов пас аз озодӣ
Январ 30, 2021 18:14Рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, ки ба иттиҳоми таблиғи ифротгароӣ ба як сол зиндон маҳкум ва рӯзи 29 январ озод шуд, дар нахустин ибрози назари хеш маҳкум шудан ба иттиҳомоти сохтагиро фоҷиаи ҳар инсони бегуноҳ хонд.
-
Дархости 15 сол зиндон барои Муҳаммадмурод Одинаев
Январ 28, 2021 07:57Намояндаи додситонии ноҳияи Рӯдакӣ барои Муҳаммадмурод Одинаев ҳукми 15 сол зиндон дархост кард.
-
Эъломи ҷузъиёти парвандаи шаҳрдори собиқи Кӯлоб пас аз ду моҳ
Январ 23, 2021 16:59Додситонии кулли Тоҷикистон ду моҳ пас аз эъломи ҳукми 12 сол маҳкумияти Баҳроми Иноятзода, шаҳрдори собиқи Кӯлоб ҷузиёти парвандаи вайро расонаӣ кард.
-
Нахустин тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон дар соли 2021
Январ 18, 2021 18:25Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои фармонҳои ҷудогона барои тағйироти кадрӣ дар давлат афроди ҷадидеро ба симатҳои мудириятӣ дар Бонки миллӣ, Додситонӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Музеи миллии ин кишвар таъйин кард.
-
Эъломи иттиҳоми авбошӣ ба писарони Муҳаммадмурод Одинаев
Январ 09, 2021 16:05Мақомоти додситонии ноҳияи Ҳисор алайҳи Ҳабибуллоҳ Ризоев, фарзанди муовини боздоштшудаи Ҳизби Сотсиал-демократии Тоҷикистон Муҳаммадмурод Одинаев иттиҳоми авбошӣ эълом карданд.
-
Фарзанди узви аршади Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба зиндон маҳкум шуд
Декабр 19, 2020 16:42Фарзанди Зубайдуллоҳ Розиқ аз аъзои аршади Ҳизби мамнӯаи наҳзати исломии Тоҷикистон ба 5 сол зиндон маҳкум шуд.
-
Мухолифати Додситонии кулли Тоҷикистон бо тахфифи муҷозоти Далер Шарифов
Декабр 18, 2020 18:45Мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон 40 рӯз монда ба поёни маҳкумияти яксолаи Далер Шарифов, рӯзноманигори зиндонии тоҷик, бо тахфифи муҷозот ва тағйири режими нигаҳдории ӯ аз ҳабси умумӣ ба шартӣ мухолифат кардаанд.