Феврал 01, 2021 14:02 Asia/Dushanbe
  • Интиқоли ғайриқонунии 15 миллион доллар ба хориҷа
    Интиқоли ғайриқонунии 15 миллион доллар ба хориҷа

Додситонии кулли Тоҷикистон аз боздошти муовини Амонатбонки ин кишвар ба иттиҳоми ҳамдастӣ ба интиқоли ғайриқонунии 15 миллион доллар ба хориҷа хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Юсуфи Рҳмон эълом кардааст, ки О. Исоев барои интиқоли ғайриқонунии маблағи 15 миллион доллар ба хориҷ аз бародарон Ғуломов 3 миллиону 280 ҳазор сомонӣ ҳаққи хизмат дарёфт кардааст.

Вай таъкид кардааст, ки бародарон Ғуломов низ ба иттиҳоми интиқоли ғайриқонунии ин маблағ ба хориҷ, таъсиси чанд ширкат ва эҷоди халал дар бозори муомилоти арзии Тоҷикистон боздошт шудаанд.

Иттиҳоми дигари ин бародарон анҷоми муомилоти арзии хориҷ аз низоми банкӣ ва гаронфурӯшии арзҳои хориҷӣ унвон мешавад.

Акнун раванди такмили парвандаи ҷиноӣ алайҳи муовини Амонатбонк ва бародарон Ғуломов оғоз шудааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп