Фаъолияти корхонаи ҷадиди равғанбарорӣ дар Тоҷикистон
Дар шимоли Тоҷикистон корхонаи ҷадиди равғанбарорӣ ба фаъолият шуруъ кард.
Ба гузориши “Спутник”, бо шуруи фаъолияти ин корхонаи тавлиди равғани наботӣ, Тоҷикистон гоми дигаре ба сӯи таъминоти бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ гузошт.
Ин корхонаи тавлиди равғани гиёҳӣ аз пахта (панба), дар ноҳияи Зафаробод, дар масоҳати ҳудуди 3 гектар аз ҷониби соҳибкор Абдусамад Норматов таъсис шудааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, корхонаи мазкур бо ширкати раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфт.
Иқтидори истеҳсолии солонаи корхонаи равғани пахта 15 ҳазор тон пахта буда, дар заминаи ин корхона истеҳсоли равғани дигар растанӣ низ ба роҳ монда шудааст.
Ин корхонаи равғанбарорӣ иқтидори коркарди то 40 тон чигити пахтаро дар як шабонарӯз дошта, равғани истеҳсолгардида дорои сифати баланд мебошад.
Ин дар ҳолест, ки ҳоло талаботи бозори истеъмолии Тоҷикистон аз ҳисоби равғани истеҳсоли ватанӣ ҳамагӣ 22 дарсад таъмин мешавад, ки хеле кам арзёбӣ мегардад.
Ахиран раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазорату идораҳоро муваззаф кард, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон дар соли 2023 корхонаҳои равғанбарории шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Конибодомро фаъол созанд.