Ироаи хадамоти электроники дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон
-
Ироаи хадамоти электроники дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Алоқамандон метавонанд аз ин пас китобҳои мавҷуд дар Китобхонаи миллии Тоҷикистонро электроники бихонанд.
Ба гузориши Садои Хуросон, хонандагон ин имконро доранд, ки китобҳоеро ба забонҳо тоҷикӣ, хориҷӣ ва ҳатто форсӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон пайдо кунанд, донлуд ё суфориш диҳанд.
Бобоҷони Шафиъ масъули сайти Китобхонаи миллии Тоҷикистон саҳифаи YouTube ва канали Telegrami ин китобхона ба тозагӣ фаъол шудааст, ки ҳадаф аз он ҷазби афроди бештар ба мутолеъа ва мушорикат дар барномаҳои давлатии рӯ овардан ба китоб аст.
Ӯ изҳор кард, ҳар рӯз дархостҳои зиёде барои дар дастарс қарор додани китобҳои мухталиф дарёфт мекунем мебинем. ки хонандагони имрӯзи тамойили бештаре ба дарёфти дархостҳои худ дар канали Телеграм доранд.
Ба гуфтаи Шафиъ Китобхонаи миллӣ имконоти густардае дорад, ба вижа теъдоди китобҳои электроникии он беш аз 400 ҳазор ҷилд аст.