Апрел 14, 2023 20:13 Asia/Dushanbe
  • Душанбе-мизбони намоишгоҳ « Тоҷикистон - 2023 » бо мушорикати ширкатҳои хориҷӣ

Утоқи бозаргонӣ ва саноъати Тоҷикистон эълом кард рӯзҳои 4 - 7 майи имсол дар маҳали « кохи Борбад »-и шаҳри Душанбе як намоишгоҳи байналмиллалии тахассусӣ бо мушорикати ширкатҳои хориҷӣ ، баргузор мешавад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Утоқи бозаргонӣ ва саноъати Тоҷикистон бо эъломи ин хабар ҳадаф аз барпоии ин намоишгоҳро муаррифии маҳсӯлоти тавлидкунандагони дохилӣ ва ҳамчунин эҷоду густариши равобити тиҷории байни ширкатҳои хориҷӣу дохилӣ унвон кард .
Дар ин рӯйдод намояндагони ширкатҳо аз Тоҷикистон, Малайзия, Эрон, Туркия,Қазоқистон, Русия, Узбекистон  ва Беларус ширкат мекунанд.
Дар ҳошияи ин намоишгоҳи байналмиллалии тахассусӣ баргузории ҳамоиши тиҷорӣ низ барномарезӣ шудааст .
Дар ҷараёни ин намоишгоҳ маҳсӯлоти ғизоӣ, ороишӣ, доруӣ, колоҳои фулузӣ барои сохту соз, маҳсӯлоти мавриди истифода барои беҳсозӣ, таъмир, сохти ҷодаҳову паркингҳо ва ғайра ба намоиш ва фурӯш гузошта мешаванд.
Сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе на танҳо метавонанд таи ин рӯзҳо бо фаъолияти ширкатҳои дохилӣ ва хориҷӣ ошно бишаванд, балки маҳсӯлоти мавриди ниёзи аввалияи худро низ харидорӣ кунанд .

 

Барчасп