Апрел 19, 2023 09:02 Asia/Dushanbe
  • Баргузории коргурӯҳҳои марзии Тоҷикистону Узбекистон

Нишасти коргурӯҳҳои Тоҷикистону Узбекистон баргузор шуд.

Нишасти коргурӯҳҳои Камиссиюни муштараки марзии Тоҷикистону Узбекистон дар Душанбе баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ин дидор масоили марбут ба интиқоли пешнависи таъйини хати марзӣ байни Тоҷикистону Узбекистон баҳсу баррасӣ шуд.

Дар натиҷаи ин нишаст тафоҳумномаи марбута имзо шуд.

Нишасти баъдӣ дар Узбекистон баргузор мешавад.

Тоҷикистону Узбекистон 1332 километр марзи муштарак доранд.

 

Барчасп