Вазири саноъату фанновариҳои навини Тоҷикистон гуфт: Таи 5 соли ахир тавсеаи саноъати Тоҷикистон ду баробар шудааст
(last modified 2023-04-22T04:42:47+00:00 )
Апрел 22, 2023 09:42 Asia/Dushanbe
  • Вазири саноъату фанновариҳои навини Тоҷикистон гуфт: Таи 5 соли ахир тавсеаи саноъати Тоҷикистон ду баробар шудааст

Вазири саноъату фанновариҳои навини Тоҷикистон изҳор кард ҳамаи шароит барои саноъатӣ шудани пуршитоб дар Тоҷикстон фароҳам шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Асиёлюс, Шералӣ Кабир гуфт : Бо вуҷуди натоиҷи бадастомада эҷоди фазои муносиби сармоягузорӣ ва фазои касбу кор, беҳбуди қонунҳои молиётӣ ва беҳбуди фурсатҳои содиротии кишвар зарурӣ аст .
Ба гуфтаи вазир мавзӯи дигаре, ки бояд ҳал шавад омӯзиши кадрҳо аст.
Вай вазъияти кадриро " буҳронӣ " хонд ва ёдовар шуд, дар Тоҷикистон фурсате барои таҳсили касбӣ дар заминаи саноъат вуҷуд надорад .
Шералӣ Кабир иброз кардар кишварҳои ИДМ Тоҷикистон аз назари мизони рушди саноъатӣ пештоз аст . Шералӣ Кабир тавзеҳ дод ки дар муассисоти омӯзиши олии Тоҷикистони ҳеҷ донишкадаи омӯзишӣ барои мутахассисони саноъат вуҷуд надорад .
Дар марти 2021 саноъатӣ шудани фаврии Тоҷикистон ба унвони чаҳорумин ҳадафи давлат эълом шуд.

 

Барчасп