Апрел 27, 2023 18:46 Asia/Dushanbe
  • Озодии танҳо зиндонии эронӣ дар Тоҷикистон

Тибқи эъломи сафири Эрон дар Тоҷикистон танҳо зиндонии эронӣ дар ин кишвар озод шуд ва ба Эрон бозгашт.

Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон дар бораи озодии танҳо маҳбуси эронӣ дар ин кишвар дар тветтӣ навишт : Ба дунболи дархости инҷониб аз ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон-раиси муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон барои афву озодӣ танҳо маҳбуси эронӣ ба муносибати иди Саиди Фитр бо мувофиқату дастури эшон ва мусоидати мақомоти муҳтарами қазоии Тоҷикистон ин шаҳрванди эронӣ мавриди афв қарор гирифт ва имрӯз ба кишварамон бозгашт.
 

 

Барчасп