Таҳаққуқи 63 дарсадии даъвати баҳории сарбозӣ дар Тоҷикистон
(last modified Wed, 03 May 2023 06:24:58 GMT )
Май 03, 2023 11:24 Asia/Dushanbe
  • Таҳаққуқи 63 дарсадии даъвати баҳории сарбозӣ дар Тоҷикистон

Фарохони баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон барои анҷоми хидмати сарбозӣ 63 дарсад муҳаққақ шудааст.

Ба гузориши Азия Плюс, аввалин шуда нақшаи даъватро шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) иҷро кардаанд.

Бояд гуфт, ки чанд соли охир ВМКБ қабл аз ҳама нақшаи даъватро иҷро мекунад.

Дар шаҳри Душанбе низ нақшаи даъват ба сафи Артиш пурра ба анҷом расидааст.

Миёни шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ноҳияҳои Лахш, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Сангвору шаҳри Ваҳдат низ нақшаи даъватро пурра иҷро кардаанд. Дар умум, дар ин минтақа то имрӯз наздики 70 дарсад нақшаи даъват иҷро шудааст.

Дар вилояти Хатлон бошад, ноҳияҳои Вахш, Фархор ва Данғара аз аввалин шуда нақшаи даъватро ба анҷом расонидаанд.

Вилояти Суғд камтар аз ҳама - 45 дарсади нақшаи даъватро иҷро кардааст.