Май 07, 2023 11:38 Asia/Dushanbe
  • Сохти 300 ширкати тоҷик дар Узбакистон
    Сохти 300 ширкати тоҷик дар Узбакистон

Тоҷикистон 300 ширкат дар Узбакистон сохта аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Азия Плюс, Фаридуни Фарҳодзод рузноманигори тоҷик дар Узбакистон гуфт: Гардиши молии байни Тоҷикистон ва Узбакистон дар панҷсоли гузашта 10 баробар шуда аст.

Вай афзуд: Тоҷикистон акнун дар миёни 10 кшивари пешрави аст, ки маҳсулоти бештари дар соли 2022 аз Узбакистон ворид карда аст.

Ин рузноманигр навишт: Агар соли гузашта 520 миллион доллар коло ба ин кишвар содир шуда буд дар моҳҳои январ то марти имсол ин рақам 117.7 миллион доллар буда аст.

Фаридуни Фарҳодзод изҳор кард аз авваи феврали имсол 293 ширкат ва созмон бо мушорикати сармояи Тоҷикистон дар Узбакистон фаъолият мекунанд ва фақат дар се моҳи аввали соли ҷорӣ 18 ширкати ҷадид бо мушорикати сармояи Тоҷикистон дар ин кишвар таъсис шуда аст.

Ба гуфтаи ин рузноманигор яке аз масирҳое, ки дар чанд соли ахир рушди чашмгир дошт гардишгари аст.

Фаридуни Фарҳодзод бо ишора ба додаҳои идораи омори Узбакистон менависад: Дар соли гузашта 5.2 миллион шаҳрванди хориҷи ба Узбакистон сафар карданд, ки аз ин теъдод 1 миллиону 447.1 ҳазор нафар аз Тоҷикистон буданд.

Фаридуни Фарҳодзод навишт: Фақат дар январ то феврали имсол 871000 хориҷӣ барои сафар ба Узбакистон омаданд, ки 289200 нафари аз онҳо тоҷик буданд.    

Барчасп