Душанбе мизбони ҳамоиши тиҷории Тоҷикистон ва Туркманистон
Ҳамоиши тиҷории Тоҷикистон ва Туркманистон ва ҳамчунин саноати дастии ду кишвар имруз дар маҳали китобхонаи миллии шаҳри Душанбе оғоз ба кор кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар маросими оғоз ба кори ҳамоиши тиҷории Душанбе-Ашқобод муовини нахуствазири Тоҷикистон ва муовини нахуствазири Туркманистон суханрони карданд.
Дидори тоҷирон ва сармоягузорони тоҷик ва туркман бо якдигар ва ҳамчунин боздиди меҳмонони туркман аз манотиқи озидои саноатии шаҳри Душанбе низ аз дигар барномаҳои ҳамоиши тоҷирони Тоҷикистон ва Туркманистон аст.
Бар асоси ин гузориш қарор аст дар поёни ин ҳамоиши тиҷорӣ ёдошти тафоҳуми дар заминаҳои мухталиф аз ҷумла газ ва энержӣ, саноат, кишоварзӣ, гардишгарӣ, ложестики байни ду кившар имзо шавад.
Қарор буд ҳамоиши тиҷории Ашқобод ва Душанбе як моҳ қабл дар остонаи сафари Сардор Бердимуҳаммадов, раиси Ҷумҳурии Туркманистон ба Тоҷикистон баргузор шавад, аммо ба сабаби фавти модарбузурги Сардор Бердимуҳаммадов ҳам сафари вай ва ҳам баргузории ҳамоиш ба таъқиб афтод.