Ҳимояти молии Эрон аз адабиёти Тоҷикистон
(last modified Tue, 09 May 2023 07:03:06 GMT )
Май 09, 2023 12:03 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти молии Эрон аз адабиёти Тоҷикистон

Қоими мақоми сиючаҳорумин Намоишгоҳи китоби Теҳрон гуфт : Кумакҳазинаву тарҳҳои ҳимоятии дабирхонаи Намоишгоҳи китоб барои ҳимоят аз тавлидоти ноширон дар заминаи адабиёти Тоҷикистон пайгирӣ мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Алии Рамазонӣ-қоиммақому сухангӯи сиючаҳорумин Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон дар гуфтугӯ бо хабаргузории Меҳр, дар посух ба ин суол ки бо тавваҷуҳ ба ҳузури кишвари Тоҷикистон ба унвони меҳмони вижа дар намоишгоҳи китоби Теҳрон барномае барои ҳимоят аз тавлидоти тоҷикистонии ноширон доранд ва оё дар ин бора ройзанӣ бо Вазорати фарҳангу иршоди исломии Эрон сурат пазируфта ё хайр ? гуфт : Кишвари Тоҷикистон ба унвони меҳмони вижаи сиючаҳорумин Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон пас аз ҳузур дар намоишгоҳи китоб аз маҷмӯъаи тарҳҳои ҳимоятӣ, ки дар дохили Эрон дорем,баҳраманд мешавад.
Қоиммақоми сиючаҳорумин Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон афзуд : Иҷрои грант ва маҷмӯъаи тарҳҳои ҳимоятии дабирхонаи Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон аз ҷумлаи тарҳҳои ҳимоятие аст, ки аз осори ношироне ки бихоҳанд дар заминаи адабиёти Тоҷикистон осореро мунташир кунанд, пайгирӣ мешавад .
Вай гуфт : Дар ҳоли ҳозир низ бисёре аз осор ба забони форсӣ ҳамчунин китобҳои савтӣ дар Тоҷикистон қобили арза ҳастанд ва мо метавонем аз ин фазо истифода кунем.
Мудири омили Хонаи китобу адабиёти Эрон афзуд : Бисёре аз китобҳо дар ҳоли ҳозир ба далели тағйири хат дар Тоҷикистон барои тарҷумаву нигориш ба хати ин кишвар яъне сириллик аз ҳимояти мо бархӯрдор ҳастанд.
 
Бештар бихонед :