Баргузории нишасти « Фарозу нишеби кишварҳои забони вижа дар тарвиҷи байналмиллалии китоб » дар Намоишгоҳи китоби Теҳрон бо ҳузури намояндаи Тоҷикистон
(last modified 2023-05-13T05:10:58+00:00 )
Май 13, 2023 10:10 Asia/Dushanbe
  • Баргузории нишасти « Фарозу нишеби кишварҳои забони вижа дар тарвиҷи байналмиллалии китоб » дар Намоишгоҳи китоби Теҳрон бо ҳузури намояндаи Тоҷикистон

Ин нишаст бо ҳузури Раҳмоналии Мирализода,раиси идораи табъу нашр ва матбӯоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Муҳаммадбурҳони Ганҷ, раиси иттиҳодияи ноширони Туркия, Муҳаммади Акбарӣ, раиси гуруҳи ҳамафзоӣ ва мудирияти тарҷумаву нашри Созмони фарҳангу иртибототи исломӣ ва Муртазо Кордар, мудири омили нашри Ҳирмис баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Раҳмоналӣ Мирализода дар ибтидо аз ҷониби худу ҳамроҳонаш аз Вазорати фарҳанги Эрон ташаккур кард ва гуфт : Мавзӯи тарҷума дар Тоҷикистон аз се тариқ иҷро мешавадкум забони тоҷикӣ, дувум забони русӣ ва сеюм истифода аз зарфиятҳои забони форсӣ.
Вай афзуд : Ҳамаи муассисоти табъу нашр воҳидҳои тарҷумаи худро доранд . Ҳамчунин аз зарфияти мутарҷимони мустақил истифода мекунанд . Мо дар мавзӯи забони вижа имтиёзҳои дигаре дорем, ки камбудҳоро ҷуброн мекунад . Мо дар ҳавзаи форсизабонон дар тарҷумаи ду турфа осор ба хубӣ аз зарфиятҳо истифода мекунем. Ҳамчунин бо баргузории намоишгоҳҳо, иртиботи худ бо нависандагону мутарҷимонро ҳифз мекунем . Дар Тоҷикистон намойишгоҳе дар фасли пойиз бо унвони намоишгоҳи Душанбе баргузор мекунем . Мо дар ҳавзаи Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва дигар кишварҳое, ки тафоҳумоти фарҳангӣ имзо мекунем ҳам ҳамкориҳое дорем .
Вай тасреҳ кард : Аммо дар асри ҷаҳонӣ шудан мушкилоте дар ҳавзаи тарҷума дорем . Анбӯҳи иттилоот халои замонро барои мардум эҷод мекунад . Яке аз роҳҳои дастрасӣ ба осори кишварҳои дигар сайтҳои интернетӣ аст, ки гоҳе тарҷумаҳои ғайриҳирфаӣ ироа медиҳанд . Аммо то ҳадде корро барои ошноӣ бо асари марбута роҳ меандозанд . Мо бояд дунболи роҳҳои ҷадиди ҳалли ин масаъла бошем. Бояд ин масаъларо баррасӣ кунем . Ин мавзӯ паҳлуҳои гуногун дорад, ки ниёзманди ироаи роҳкорҳост.
 

 

Барчасп