Кашфи беш аз 200 килограмм маводи мухаддир дар Душанбе
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i10216-Кашфи_беш_аз_200_килограмм_маводи_мухаддир_дар_Душанбе
Кормандони Агентии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон аз ду қочоқчии маводи мухаддир дар шаҳри Душанбе 208 кило ҳашиш кашф кардаанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 21, 2016 15:32 Asia/Dushanbe
  • Кашфи беш аз 200 килограмм маводи мухаддир дар Душанбе

Кормандони Агентии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон аз ду қочоқчии маводи мухаддир дар шаҳри Душанбе 208 кило ҳашиш кашф кардаанд.

 

Ба иттилои сайти Агентии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон, ин мизони маводи мухаддир дар бозрасӣ аз мошини як шаҳрванди афғонистонӣ бадаст омад ва як сокини шаҳри Душанбе низ ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо вай боздошт шуд .

Агентии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон аз чанде пеш фаъолияти як гурӯҳ аз қочоқчиёни маводи мухаддирро аз Афғонистон ба Тоҷикистон зери назар доштанд.

Ин гурӯҳи қочоқчӣ маводи мухаддирро аз Афғонистон ва аз масири Тоҷикистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия қочоқ мекарданд .