Май 20, 2023 19:28 Asia/Dushanbe
  • Дурахшиши донишҷӯи тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ

Донишҷӯи коршиносии аршади Академияи мудирияти давлатии Тоҷикистон барандаи мусобиқаи байналмилалӣ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Додихудо Шарифзода, донишҷӯи коршиносии аршади Академияи мудирияти давлатии Тоҷикистон барандаи мусобиқаи “беҳтарин донишҷӯи кишварҳои ИДМ - 2023 ” ва муваффақ ба дарёфти диплом ва нишони дараҷаи як шуд.

Ин мусобиқа ба ибтикори вазорати маорифу улӯми Қазоқистон ва бо ҳамкории анҷумани “ Ҷумбиши умумии мардумии Бобак ба манзури таъйини донишҷӯи бартар дар байни донишгоҳҳои олии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд.

 

Барчасп