Бозгашти 104 тоҷик аз Сурия ба Тоҷикистон
(last modified Mon, 22 May 2023 03:49:08 GMT )
Май 22, 2023 08:49 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти 104 тоҷик аз Сурия ба Тоҷикистон
    Бозгашти 104 тоҷик аз Сурия ба Тоҷикистон

104 нафар аз шаҳрвандони тоҷик аз Сурия ба Тоҷикистон бозгаштанд.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз  Азия-Плюс дуввумин гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон ба теъдоди 104 нафар (29 хонавода), муташакил аз занон, навҷавонон ва кӯдакони хурдсол ба хона бозгардонда шуданд.

Шаҳрвандони бозгашта ба кишварашон дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе, бо Матлубахонум Сатториён муовинии нахуствазир, Эмомалӣ Насриддинзода дастёри раисиҷумҳӯр дар рушди иҷтимоъӣ ва равобити умумӣ ва соири мақомот дидор карданд.

Ба дархости тарафи Қазоқистон,панҷ қазоқистонӣ низ аз Сурия ба Тоҷикистон таҳвил дода шуданд.

Раванди бозгардондани шаҳрвандони тоҷик  аз урудугоҳҳои паноҳандагон дар Ироқ ва Сурия ба  сар мебаранд, се сол пеш ба дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳӯри Тоҷикистон оғоз шуд.