Май 23, 2023 10:12 Asia/Dushanbe
  • Имзои қарордоди ҳамкории мудирони гардишгарии Тоҷикистону Бошқирдистони Русия

4 тафоҳумномаи ҳамкории байни мудирони ширкатҳои гардишгарии Тоҷикистону Бошқирдистони Русия имзо шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, тафоҳумномаҳо дар чорчӯби дидори раиси Кумитии тавсеаи гардишгарӣ ва намояндагони бахши хусӯсии Тоҷикистон дар ҳавзаи гардишгарӣ бо масъӯлони баландпояи Бошқирдистон ва мудирону коркунони иттиҳодияву ширкатҳои туристии Уфа имзо шуд .
Ҳадафи аслии нишаст баҳс дар мавриди тарҳҳои тавсеаи гардишгарӣ дар Тоҷикистону Ҷумҳурии Бошқирдистон, густариши ҳамкории мақомоти гардишгарӣ ва тақвияти равобити байниминтақаӣ, табодули назар ва ҷазби гардишгарони русӣ ба Тоҷикистон буд .