Коҳиши содироти маҳсулоти тоҷикӣ дар 4 моҳи нахусти 2023
Арзиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар 4 моҳи аввали соли ҷорӣ беш аз 2.1 миллиард доллар баровард шуда, ки нисбат ба замони мушобеҳи соли 2022 ба маблағи 67.2 миллион доллар камтар аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ожонси омори Тоҷикистон бо эъломи ин матлаб гуфт, ки коҳиши мубодилоти тиҷорӣ, дар навбаи аввал бо коҳиши 33.2 дарсадӣ (214 миллиондолларӣ) арзаи маҳсулоти тоҷикӣ ба хориҷ муртабит аст.
Тоҷикистон дар моҳҳои январ – апрели имсол ба маблағи 430.5 миллиондоллар маҳсулот ба хориҷ содир ва ба маблағи ҳудуди 1.7 миллиарддоллар ва 9.5 дарсад (146.6 миллиондоллар) камтар аз давраи мушобеҳи соли гузашта, коло ворид кардааст.
Мизони содироти маҳсулоти домӣ ва гиёҳӣ, бавижа пахта, маҳсулоти маъданӣ ҳамчунин барқ, фулузоти ғайри гаронбаҳо ва фаровардае ҳосил аз онҳо нисбат ба соири колоҳо бештар коҳиш доштааст.
Ҳаҷми воридот ба навбаи худ умдатан ба далели коҳиши арзаи маҳсулоти шимиёӣ, орд, чарбӣ ва равған кам шудааст.
Тоҷикистон дар моҳҳои январ – апрели соли ҷорӣ бо 102 кишвари мухталифи ҷаҳон равобити тиҷорӣ доштааст.
Муҳимтарин шарики тиҷории Тоҷикистон ҳамчунон Русия буд.
Дар ин 4 моҳ ду кишвар ба маблағ беш аз 512 миллиондоллар додуситад доштаанд.
Баъд аз Русия, Чин бо 458 миллиондоллар, Қазоқистон бо 319 миллиондоллар, Узбекистон бо 130 миллион доллар ва Туркия бо 125 миллион доллар қарор доранд.