Май 24, 2023 12:22 Asia/Dushanbe
  • Кумаки 57 миллиондолларии Чин ба Тоҷикистон

Чин 57 миллиондоллар ба Тоҷикистон кумак мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин тавофуқнома ба ҳамроҳи 12 қарордоди ҳамкории дуҷонибаи дигар, дар дидорҳо ва музокирот байни мақомоти Тоҷикистон ва Чин имзо шуд.

Дар матни тафоҳумнома омадааст, ки ин маблағ ба дархости мақомоти Тоҷикистон “барои иҷрои тарҳҳои мавриди тавофуқи тарафайн” пардохт хоҳад шуд.

Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки тавсеаи давлатии Чин ҳам муваззаф ба ифтитоҳи ҳисобҳои бидуни баҳра ва бидуни ҳазина барои ироаи кумакҳои молии билоиваз ҳастанд.

 

Барчасп