Нигаронии Тоҷикистон аз боздошти дастаҷамъии шаҳрвандони ин кишвар дар Русия
Дар дидоре, ки дар маҳали вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон байни сафири Русия дар Душанбе ва мақомоти тоҷик баргузор шуд, Тоҷикистон аз боздоштҳои дастаҷамъии шаҳрвандони ин кишвар дар қаламрави Русия ибрози нигаронӣ кард.
Ба гузориши хабаргузории Форс дар Душанбе, вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар пайи боздошти дастаҷамъии шаҳрвандони ин кишвар дар Русия Семён Григорев, сафири ин кишвар дар Душанберо ба маҳали вазорати умури хориҷа эҳзор кард.
Дар ин дидор нигаронии тарафи тоҷикӣ дар мавриди иттилооти дарёфтӣ дар хусуси боздоштҳои дастаҷамъии шаҳрвандони Тоҷикистон дар хоки Русия ба баҳонаҳои мухталифи иброз ва бар лузуми вокуниши муштарак дар баробари мушкилоти муҳоҷиратии мавҷуду навзуҳур ва ҳамчунин аҳамияти анҷоми иқдомоти ҳамоҳанг барои тавсеаи тадобири муштараки эҳтимолӣ дар мавриди масоили муҳоҷиратӣ таъкид шуд.