Май 31, 2023 10:06 Asia/Dushanbe
  • Алоқаи мақомоти Арабистон ба эҷоди масири ҳавоӣ бо вилояти Хатлон

 Сафири Арабистони Саудӣ хостори эҷоди масири ҳавоӣ байни кишвараш бо вилояти Хатлон шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Валид бин Абдураҳмон Алрушайдон, сафири Арабистони Саудӣ бо ишора ба тавсеаи ҳамкориҳо бо вилояти Хатлон хостори эҷоди масири ҳавоӣ байни кишвараш бо ин вилояти шуд.

Вай ин матлабро зимни дидор бо Давлаталӣ Саид, устондори Хатлон эълом кард.

Абдураҳмон Алрушайдон зикр намудааст, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон ду фурудгоҳи байналмилалӣ амал мекунад ва бо назардошти густариши ҳамкориҳо хост, дар яке аз ин фурудгоҳҳо хатсайре ба Арабистони Саудӣ кушода шавад.

Сафири Арабистони Саудӣ бо таваҷҷуҳ ба вуҷӯди ду фурудгоҳи байналмилалӣ дар Хатлон гуфт, ки эҷоди парвози мустақим аз кишвараш ба яке аз ин фурудгоҳҳо дар дастури кор қарор гирифтааст.

Вай изҳори боварӣ намудаст, ки сафари сафири Саудӣ ба Хатлон барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба, бунёди корхонаҳои муштарак ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ заминаи мусоид мегузорад.

 

Барчасп