Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо муовини раиси бонки ҷаҳони дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ
(last modified 2023-06-05T13:34:19+00:00 )
Июн 05, 2023 18:34 Asia/Dushanbe
  • Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо муовини раиси бонки ҷаҳони дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ
    Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо муовини раиси бонки ҷаҳони дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ

Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Антанелла Бассани муовини раиси бонки ҷаҳонӣ дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ дидору гуфтугу кард.

Дар ин дидор масоили ҳамкориҳо ва чашмандози равобити байни Тоҷикистон ва бонкиҷ ҷаҳони мавриди баҳсу барраси қарор гирифт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳур аз сатҳи ҳамкории Тоҷикистон ва бонки ҷаҳони дар тули 30 сол мушорикат аз ҷумла таъмини молӣ 116 тарҳ дар заминаҳои мухталифи Тоҷикистон тавассути ин муассисаи молӣ ба маблағи беш аз 2.7 миллиард доллар ибрози ризоят кард.

Антонелла Бассани аз имкониятҳои назарраси Тоҷикистон дар истеҳсолу содироти энергияи тозаю барқароршаванда ва дар ин замина рушди «иқтисоди сабз» ёдовар шуда, бори дигар ҷонибдории Бонки ҷаҳониро роҷеъ ба дастгирии саҳми Тоҷикистон дар рӯзномаи глобалии тағйирёбии иқлим тасдиқ намуд.

Зимни мулоқот оид ба ҷалби бештари сармоягузориҳои шарикони рушд ба соҳаҳои тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, обтаъминкунию ирригатсия, дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, инчунин ҷиҳати рушди»иқтисоди рақамӣ» табодули андеша анҷом дода шуд.

Дастгирии идомаи ислоҳоти иқтисодӣ, маблағгузории рушди соҳаи энергетика ва таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷумлаи ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ арзёбӣ гардид.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугуйи судманд анҷом доданд.

Барчасп