Зафар Мирзоён – шоҳномапажӯҳи тоҷик даргузашт
Шаби 7-уми июн қалби Зафар Мирзоён — донишманди маъруфи тоҷик, мушовири ректор дар бахши равобит бо ҷомеаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз тапидан бозмонд.
Ба гузориши сомонаи «Пресса», Зафар Мирзоён муҳассили мактаби миёнаи №1-и ноҳияи Ховалинг (1952-1962), донишҷӯ (1967-1972), хатмкардаи факултаи Шарқшиносӣ (1972) ва иқтисодии ДДТ (1994), ассистенти кафедраи форсии факултаи Шарқшиносии ДДТ (1972-1973), тарҷумон дар Афғонистон дар коргоҳҳои ҳамкориҳои техникии СССР (1970-1971, 1989-1986), мудири шуъбаи идеологии Кумитаи партиявии ноҳияи Ховалинг (1986-1991), раиси Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Митра» (1991-2003), роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб (2003-2007) буд.
Мирзоён аз ҷумлаи шоҳномашиносони шинохтаи Тоҷикистон дониста шудааст. Ӯ беш аз 10 сол дар шаҳри Кӯлоб маҳфили «Шоҳномахонӣ»-ро сарварӣ намудааст. Ҳамзамон, солҳои 2010-2015 дар кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо донишҷӯёни факулта пиромуни мавзуҳои «Баёни андеша бо забони тоҷикӣ», «Усули нақднигорӣ дар журналистикаи муосир» дарс ва омӯзиш гузаронидааст.
Мирзоён дар расонаҳои хабарии Тоҷикистон ва Эрон беш аз 500 мақолаи илмиву публитсистӣ ба нашр расонидааст.
Андешаҳои ӯ то ҳол дар 3 китоб бо унвонҳои «Ҷашни Наврӯз — омили худогоҳии миллии тоҷикон» (Душанбе, 2013), «Ниёиши некон ва покон» (Душанбе, 2014) ва «Худовандагори сухани порсӣ» (Душанбе, 2015) ба табъ расидаанд.
Ӯ ҳамчунин раиси бахши минтақаи Кӯлоби Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» буд.