Июн 08, 2023 16:19 Asia/Dushanbe
  • Амири Қатар дар сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд

Амири Қатар дар чорчӯби сафари расмӣ вориди Душанбе-пойтахти Тоҷикистон шуд ва мавриди истиқболи мақомоти баландпояи ин кишвар қарор гирифт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, шайх Тамим бин Ҳамад бин Халифа оли Сонӣ-амири Қатар мавриди истиқболи Муҳаммадтоҳир Зокирзода-раиси Маҷлиси Намояндагон ва соири мақомоти расмии Тоҷикистон қарор гирифт.
Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ тавассути Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон дар маҳали кохи раёсати ҷумҳурии ин кишвар дидори хусӯсии сарон ва музокироти ҳайатҳои расмии ду кишвар ва маросими имзои асноди нави ҳамкориҳои дуҷониба анҷом хоҳад шуд.
Дар канори дидору музокирот бо соири мақомоти олии Тоҷикистон оқоён Раҳмон ва бин Халифа оли Сонӣ дар маросими ифтитоҳи масҷиди ҷомеъи нави шаҳри Душанбе, ки яке аз бузургтарин масҷидҳо дар минтақа ба шумор меравад, ширкат  карданд .
Сохти ин масҷид бо сармоягузории муштараки 100 миллиондолларии ду кишвар ( саҳми Тоҷикистон 30 дарсад ва саҳми Қатар 70 дарсад ) дар соли 2009 оғоз шуд ва дар соли 2019 ба поён расид, аммо ба далели ҳамагирии корона маросими ифтитоҳ чанд бор ба таъхир афтод .
Масҷиди ҷомеъи нави минтақаӣ бо масоҳати 12 гектар сохта шуда ва аз зарфияти пазириши ҳамзамони 120 ҳазор нафар намозгузор бархурдор аст.