Нишасти мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон бо мавзӯи об ва рафъи таниши марзӣ
(last modified Thu, 15 Jun 2023 12:44:33 GMT )
Июн 15, 2023 17:44 Asia/Dushanbe
  • Нишасти мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон бо мавзӯи об ва рафъи таниши марзӣ

Даври нави нишасти коргурӯҳи вижаи Тоҷикистону Қирғизистон ба раёсати раисони вилоятҳои Суғду Ботканди ду кишвар ба мизбонии тарафи тоҷик баргузор шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ин нишаст ки ба мизбонии тарафи тоҷик ва дар шаҳри Гулистони Тоҷикистон баргузор шудаҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Уралбек Шаршиев-фармондеҳони неруҳои марзӣ, руасои ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии навоҳии марзии манотиқи ду кишвар ҳузур доштанд.
Таи дидори дуҷониба раисони вилоятҳои Суғду Ботканд аз фаъолияти гуруҳи корӣ ибрози ризоят ва таъкид карданд, ки ду тараф дар ҳоли ҳалли мушкилоти мавҷуд аз тариқи дипломосӣ ва иҷрои иқдомоти лозим барои таъмини амнияти сокинони манотиқи марзӣ ва тақвияти равобити ҳусни ҳамҷаворӣ ҳастанд.
Дар дидори Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Уралбек Шаршиев-фармондеҳони неруҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон ташреҳи масоили байни сокинони манотиқи марзӣ ва ҷилавгирӣ аз истифода аз ҳар гуна силоҳ баррасӣ шуд ва дар мавриди идомаи музокирот ва ҳаллу фасли масоили оянда аз тариқи музокира табодули назар сурат гирифт .
Дар ҷараёни нишасти васеъи ду тараф мавзӯъоти истифодаи муштарак аз оби ошомиданӣ, риояти протоколҳои имзошудаи қаблӣ мавриди таҷзияву таҳлил қарор гирифт .
Ду тараф барои азсаргирии равобити дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ ибрози омодагӣ карданд .
Дар натиҷаи ин нишаст фармондеҳони неруҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон протоколи марбутаро имзо карданд.