Июн 22, 2023 12:31 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури ҳайати Тоҷикистон дар нишасти шурои вазирони хориҷаи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ
    Ҳузури ҳайати Тоҷикистон дар нишасти шурои вазирони хориҷаи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ

Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти шурои вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои узви СПАД ширкат кард.

Сироҷиддин Муҳриддин вазири корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 19 то 20 июн дар шаҳри Мински дар нишасти байналмилалии шурои вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои узви СПАД ки таҳти раёсати Белорус баргузор шуд ширкат кард.

Ба гузориши Ховар, ба нақл аз Вазорати корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазирони хориҷа дар бораи вазъияти байналмилалӣ ва минтақаӣ ва таъсири он бар амнияти кишварҳои узси СПАД баҳсу табодули назар карданд.

Ҳамчунин дар мавриди такмили системаи буҳрон ва раванди беҳбуди барнома ҳадафи байнидавлатии созмон дар тақвияти манотиқи марзии Тоҷикистон ва Афғонистон табодули назар шуд.

Дар охири ин нишаст чанд қатънома имзо шуд ва баёнияи вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои узви СПАД дар мавриди вазъияти Афғонистон ба тасвиб расид.

Барчасп