Беш аз 600 миллион доллар арзиши мубодилаи коло байни вилояти Суғди Тоҷикистону манотиқи Русия
(last modified 2023-06-22T13:19:25+00:00 )
Июн 22, 2023 18:19 Asia/Dushanbe
  • Беш аз 600 миллион доллар арзиши мубодилаи коло байни вилояти Суғди Тоҷикистону манотиқи Русия

Арзиши молии мубодилаи колову маҳсулот дар соли 2022 байни вилояти Суғди Тоҷикистону манотиқи Русия беш аз 600 миллион доллар будааст.

Соли гузашта мубодилоти колову маҳсулоти байни устони вилояти Суғди Тоҷикистону манотиқи Русия беш аз 600 миллион доллар будааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, ин мавзӯ дар дидори Раҷаббой Аҳмадзода-раиси вилояти Суғди Тоҷикистон бо Дмитрий Вольвач, муовини вазири тавсеаи иқтисодии Федерасиюни Русия,ки дар Хуҷанд баргузор шуд, баҳсу баррасӣ шуд .
Дар ин дидор таъкид шуд, ки вилояти Суғд дорои фурсатҳои густарда аст ва ҳамкориҳои мутақобилеро бо манотиқи мухталифи Русия эҷод кардааст .
Дмитрий Вольвач аз алоқаву раванди ҳамкорӣ дар сутӯҳи мухталиф ибрози ризоят кард ва таъкид кард, ки ҳадафи аслии ин сафар тақвияти ҳамкории бозаргонони Русия ва Тоҷикистон аст . Дар ин дидор соири масоили минтақаӣ ва байнидавлатӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

 

Барчасп