Табрики раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани иди Қурбон
(last modified Wed, 28 Jun 2023 05:55:15 GMT )
Июн 28, 2023 10:55 Asia/Dushanbe
  • Табрики раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани иди Қурбон
    Табрики раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани иди Қурбон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон фаро расидани иди саъиди Қурбонро ба мардуми Тоҷикистон табрик гуфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми фаро расидани иди саъиди Қурбонро ба мардуми Тоҷикистон табрик гуфт ва барои ҳамаи хонаводаҳои мардуми ин кишвар орзуи саломати ва шодкоми, зиндагии орому пурбаракат кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ хотирнишон кард, ки имсол рузи ваҳдати милли ва иди Қурбон гирди ҳам омада ва мардуми шарифи Тоҷикистон аз ҳар ду таърихи муҳим дар фазои сулҳу оромиш, суботи сиёсӣ, ваҳдат ва тафоҳуми мутақобил истиқбол мекунанд.

Баргузории идҳои миллӣ ва иҷрои шаъоир ва суннатҳои динӣ дар шароит ва муҳити сулҳ ва оромиш ҳосили истиқлол, озоди ва ваҳдати миллӣ аст, ки бояд самимона қадрдони ин муҳибати бузург бошем вай таъкид кард, ки мардуми Тоҷикистон ба дини ислом ба уновни манбаъи номи ахлоқи ва маънавият эҳтиром мегузоранд.

Вай афзуд: Давлати Тоҷикистон аз оғози даврони истиқлол таваҷҷуҳи вижае ба мавзуъи озоди дошта ва то ба имруз ҳамаи шароити лозимро барои анҷоми таъаҳудоти ислмии мардум эҷод карда аст.

Ба гуфтаи раиси ҷумҳур ҷавҳари иди Қурбон яке аз суннатҳои динии мардуми мо иборат аст аз меҳрубони ва саховат, дусти, муҳабат ва ҳимояти мутақобили мардум ба унвони омили саъодат дар зиндагии ҷомеъа.

Яъне иртиботи хуб бо аъзои хонавода, меҳрабони ва муҳабат ба ақвом ва дустон, ҳусни бархурд бо ҳамсоягон, меҳрабони бо дустон ва ҳамкорон, дилсузи ба ятимон ва маъюбон, кумак ва муроқибат аз маъюбон ва ниёзмандон ва дуъо барои гузаштагон аз арзишҳое аст, ки бояд риъоят шавад.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард: Ба вижа ҳимоят аз хонаводаҳои фақир, ятимон, маъюбон, беморон ва ниёзмандон аз суннатҳои ҳасанаи иди Қурбон аст дар Тоҷикистон имсол 28 июн иди Қурбон аст.