Июл 05, 2023 17:16 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ
    Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд сафар кард.

Ба гузориши “Азия плюс”, раиси давлат сафари худро аз ноҳияи Айнӣ оғоз кард ва дар ин ноҳия ширкати тавлидкунандаи маводи маъданӣ, дармонгоҳ, хонаи куштигирони суғдӣ ва замини бозии футболу замини парчами давлатии Тоҷикистонро ифтитоҳ кард.

Маросими роҳандозии ин ширкат ба сурати маҷозӣ баргузор шуд.

Масоҳати ширкати истихроҷу тавлиди маводи маъданӣ 1200 гектар ва зарфияти ширкати фароварӣ 900 ҳазор тон санги маъдан дар сол аст.

Бо баҳрабардории комил аз ин маркази саноатӣ барои ҳудуди 500 нафар шуғл эҷод мешавад.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон сохтмони ҷадиди бемористони 45 тахти хобии ноҳияи Айниро ифтитоҳ кард.

Ин маркази дармонӣ дорои 2 табақа ва як зерзамин ва шомили бахшҳои зоимон, пазириш, ҷарроҳӣ, физиотерапия, дохилӣ ва бемориҳои кӯдакон аст.

 

Барчасп