Шонздаҳумин ҷашнвораи байналмилалии мусиқи дар Хоруғ баргузор мешавад
Шонздаҳумин ҷашнвораи байналмилалии фарҳангӣ ва гардишгарӣ бо номи Боим Ҷаҳон рузҳои 22 то 23 август дар боғи марказии шаҳри Хоруғ баргузор мешавад.
Ҳадаф аз баругзории ин намоиш густариши дарки мутақобил, гуногун андеши аз тариқи баён шаклҳои мухталифи ҳунари ва мероси фарҳангӣ, ҳамчунин густариши арзишҳои инсонӣ ва ҳамзистии мусолематомез дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва рушди гардишгари эълом шуд.
Ин ҷашнвора ба ҳифзи муҳити зист, танавуъи зисти ва афзоиши огоҳии умумӣ барои коҳиши таъсир гармоиши ҷаҳони кумак мекунад дар чорчуби ин ҷашнвора намоиши ҳунар ва хурокҳои миллӣ низ баргузор мешавад.
Дар ин ҷашнвора беш аз 35 ҳунарманд аз Тоҷикистон ва хориҷ аз кишвар ширкат хоҳанд кард ва пешбини мешавад беш аз чаҳор ҳазор тамошогар дар тули ду руз ин ҷашнвораро тамошо кунанд.