Июл 19, 2023 19:19 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон дар хонаи Каъба
    Эмомалӣ Раҳмон дар хонаи Каъба

Раисҷумҳури Тоҷикистон қабл аз ширкат дар нахустин дидори сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии ҳавзаи халиҷи Форс, Каъбаро зиёрат кард.

Ба гузориши “Спутник”, Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабл аз ширкат дар нахустин дидори сарони Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии ҳавзаи халиҷи Форс, аз шаҳри Ҷидда ба шаҳри Маккаи мукаррамаи Арабистони Саудӣ сафар кард.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Маккаи мукаррама қиблаи мусулмунон – Каъбаро зиёрат кард.

Дафтари матбуоти раисҷумҳур мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон либоси хоси маросими ҳаҷ – эҳромро ба бар карда, вориди хонаи Худо шуд ва дохили Каъбатуллоҳ 2 ракъат намози нафл хонд.

Сипас, раисҷумҳури Тоҷикистон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ бо 7 маротиба давр задан дар гирди хонаи Каъба, яъне тавофи қиблаи мусулмонон дар рӯйи заминро ба ҷо оварданд.

Пас аз тавофи хонаи Каъба Эмомалӣ Раҳмон дар пушти мақоми пайғамбар Иброҳими Халилуллоҳ, ки дар як паҳлӯи Каъбатуллоҳ аст, 2 ракъат намози нафл хонд.

Раисҷумҳур пас аз адои намоз барои пешрафту шукуфоии ояндаи Тоҷикистон дуо кард.

Сипас Эмомалӣ Раҳмон назди чоҳи “Замзам” оби чашмаи “Замзам” нӯшид, ба пояи кӯҳи Сафо баромад то дар саъйгоҳ, яъне миёни кӯҳҳои Сафо ва Марва 7 маротиба рафтуо кунад.

Зикр гардидааст, ки баъди анҷоми саъй дар пояи кӯҳи Марва мӯйи сар бояд тарошида ё кӯтоҳ карда шавад. Бо амалӣ намудани ин рукн маросими умраи ҳайати Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон анҷом ёфт.

Маврид ба зикр аст, ки ин зиёрат дафъаи панҷум ҷараён мегирад.

Гуфта мешавад, ки раисҷумҳури Тоҷикистон се маротиба ба дохили хонаи рамзии Худо – Каъбатуллоҳ ворид шудааст.

Манбаъ ёдовар шудааст, ки раисҷумҳури Тоҷикистон солҳои 1997, 2001, 2005, 2016 ва 2017 ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ сафарҳои расмӣ ва корӣ анҷом дода буд.

 

 

Барчасп