Омодагии варзишкорони Тоҷикистон барои ширкат дар дувумин бозиҳои кишварҳои узви ИДМ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i105256-Омодагии_варзишкорони_Тоҷикистон_барои_ширкат_дар_дувумин_бозиҳои_кишварҳои_узви_ИДМ
Дастаи Тоҷикистон бо 130 варзишкор дар дуюмин бозиҳои кишварҳои узви ИДМ ширкат мекунад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 22, 2023 12:08 Asia/Dushanbe
  • Омодагии варзишкорони Тоҷикистон барои ширкат дар дувумин бозиҳои кишварҳои узви ИДМ

Дастаи Тоҷикистон бо 130 варзишкор дар дуюмин бозиҳои кишварҳои узви ИДМ ширкат мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, аз ин теъдод 24 варзишкори зан ҳастанд . Имсол ин бозиҳо дар Беларус баргузор мешавад ва варзишкорони Тоҷикистон дар 13 риштаи варзишӣ рақобат хоҳанд кард .
Ин дар ҳоле аст, ки ду соли пеш 52 варзишкор аз Тоҷикистон дар бозиҳои кишварҳои узви ИДМ ширкат ва 8 медал – 1 тилло ва 7 бринҷӣ  касб карданд .
Аввалин бозиҳои кишварҳои узви ИДМ дар соли 2021 дар шаҳри Қазони Русия баргузор шуда буд .