Муноқиша дар минтақаи марзии Тоҷикистон бо Қирғизистон
(last modified Tue, 25 Jul 2023 15:06:47 GMT )
Июл 25, 2023 20:06 Asia/Dushanbe
  • Як қирғиз дар ҳолати мастӣ ба самти мошини шаҳрвандони Тоҷикистон санг партоб кард
    Як қирғиз дар ҳолати мастӣ ба самти мошини шаҳрвандони Тоҷикистон санг партоб кард

Дар минтақаи марзии Тоҷикистон бо Қирғизистон муноқиша рух дод.

Ин муноқиша дар рӯзи 24 июл, соати 17: 30 рух дод.

Маркази матбуоти Неруҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон эълом кард, 8 мошини мутааллиқ ба аҳолии деҳаи Ворухи Тоҷикистон барои арӯсии фарзандонашон ба самти шаҳри Исфара дар ҳаракат буд, дар наздикии вурудии рустои Оқсой як шаҳрванди Қирғизистон, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт ва дар ҳоли ронандагии мошини “Мерседес Бенз” буд, ба баҳонаи ин ки яке аз худравҳои шаҳрвандони Тоҷикистон монеи ҳаракати вай шудааст, роҳи мошинҳоро масдуд кард.

Сипас аз мошин пиёда шуда ва ба самти мошинҳои шаҳрвандони Тоҷикистон санг партоб кард.

Дар натиҷа қатаоти мухталифи 3 мошин шикаста ва 4 шаҳрванди Тоҷикистон низ дучори ҷароҳоти сабук шуданд.

Пас аз вуруди мақомоти маҳаллӣ ва мақомоти интизомии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба маҳалли ҳодиса, музокирот анҷом шуд ва даргирӣ поён ёфт.