Афзоиши тавлиди нохолиси дохилӣ дар Тоҷикистон
Муовини аввали вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, тавлиди нохолиси дохилӣ дар кишвар 8.3 дарсад муодили 54.2 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтааст.
Ашӯрбой Солеҳзода имрӯз бо эъломи ин матлаб дар як конфронси матбуотӣ ба хабарнигорон афзуд, дар ин давра суръати рушди иқтисоди миллӣ умдатан ношӣ аз афзоиши 10.3 дарсадии тавлиди маҳсӯлоти саноатӣ, кишоварзӣ 7.9 дарсад, сармоягузорӣ 27.1 дарсад, ҳамлу нақл 13.7 дарсад, гардиши коло 11.8 дарсад, ҳамлу нақли мусофир 8.9 дарсад ва хадамоти пардохтӣ 5.5 дарсад аст.
Ҳамчунин муовини аввали вазири тавсеаи иқтисодӣ ва тиҷорати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз афзоиши 3 дарсадии қиммати маводи ғизоӣ ва афзоиши 2.9 дарсадӣ дар маҳсӯлоти ғайриғизоӣ дар Тоҷикистон хабар дод.