Дидори мақомоти вилояти Бадахшони Тоҷикистон ва Шинҷони Чин
Мақомоти устонҳои Бадахшони Тоҷикистону Шинҷони Чин бо якдигар дидору гуфтугӯ карданд.
Ба гузориши сомонаи Ховар, Дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо намояндагони ноҳияи худмухтори Шинҷону Уйғури Ҷумҳурии мардумии Чин, ки ҷиҳати иштирок дар Форуми байналмилалии соҳибкориву сармоягузории «Помиринвест-2023» ба вилоят омадаанд, вохӯрӣ доир гардид.
Рохбарияти ноҳияи Худмухтори Шинҷону Уйғури Ҷумҳурии мардумии Чин баён доштанд, ки табодули молу маҳсулот дар зарфи 20 соли охир ба таври бесобиқа тариқи гарданаи Қулма рушд намудааст.
Ба масъалаи рушди соҳаи кишоварзӣ ва парвариши зироати кишоварзӣ, зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти ба содирот нигаронида, ташкили омӯзишҳои соҳавӣ бо деҳқонони ноҳияҳои вилоят ва афзун намудани содироти маҳсулоти кишоварзии вилоят ва ноҳияҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари ҳамсарҳади Чин ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд.