Азми Тоҷикистон дар тақвияти амнияти марзҳои муштарак бо Афғонистон
Тоҷикистон ба далели нигарониҳои амнияти тақвияти амнияти марзҳои муштарак бо Афғонистонро дар дастури кори худ қарор дода аст.
Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон посгоҳҳои марзи дар минтақаи Бадахшон, Мурғоб, Ишкошим, Рушон ва дар манотиқи Фархор, Шамсиддини Шоҳин ва Панҷ минтақаи Хатлонро ифтитоҳ кард.
Дафтари матбуъотии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон хотирнишон кард кори сохту соз дар таъсисоти низомӣ дар феврали соли 2023 оғоз шуд бинои посгоҳҳои марзи мутобиқ бо муқтазиёти замон дар муддати кутоҳи сохта ва ба баҳрабардори расид.
Ба гуфтаи раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон марзбонон ба унвони сипари қобили эътимод бояд марзҳои кишварро дар баробари ҳамаи таҳдидот ва хатароти замони ҷадид махсусан қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои фаромиллӣ ҳифз кунанд.