Август 19, 2023 12:38 Asia/Dushanbe
  • Ихтисоси 51 миллион сомонӣ барои сохти биноҳои давлатӣ дар Тоҷикистон

Давлати Тоҷикистон ба Вазорати молия дастур дод, то 61 миллион сомонӣ ( 5.6 миллион доллар ) барои сохти шуморе аз идораҳову муассисаҳои давлатӣ ихтисос диҳад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Азия-Плюс, ин иқдом бар асоси мусаввабаи дувуми августи давлат иҷро мешавад .
Ба вижа қарор аст 5 миллион сомонӣ барои сохти бинои Додгоҳи олӣ, 5 миллион сомонӣ барои Вазорати адлия, 15 миллион сомонӣ барои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва 30 миллион сомонӣ барои Донишгоҳи пизишкии давлатии Хатлон дар соли ҷорӣ сарф шавад .
Дар як даҳаи гузашта сохту созҳои биноҳои нави вазоратхонаҳо, идораҳо ва ниҳодҳо дар Тоҷикистон дар ҳоли иҷро будааст.
Бисёре аз ин биноҳо такмил шуда ва дар ҳоли ҳозир дар ҳоли истифода ҳастанд.
 

 

Барчасп