Фавти коргардони номдори тоҷик
Муҳаббат Сатторӣ-коргардони тоҷикистонӣ дар сини 56 солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Азия-Плюс, ҳамкорони вай мегӯянд ки он марҳум аз андак коргардонони зани муваффақи синамои Тоҷикистон буд.
Муҳаббат Сатторӣ дар минтақаи Фархор ба дунё омада, аз бозигарӣ шурӯъ кард ва сипас ба коргардонӣ рӯй овард.
Абдулҳай Зокиров-коргардони тоҷикистонӣ ва аз ҳамкорони Муҳаббат Сатторӣ гуфт : Он марҳӯм бо вуҷӯди инки як зан буд, ҳамвора даст ба иқдомоти сахти коргардонӣ мезад ва филмҳои бештаре сохт, ки фарҳангу тамаддуни Тоҷикистонро тарвиҷ мекард .
Ба гуфта вай дар таърихи синамои Тоҷикистон коргардонони зани муваффақ бисёр андак буд, аммо Муҳаббат Сатторӣ тавонист чорчӯби суннатии моро бишиканад ва ба унвони як коргардони зани муваффақ шинохта шавад.
Абдулҳай Зокиров изҳор кард Муҳаббат Сатторӣ аз ҳувияти миллии болое бархӯрдор буд ва ҳамеша дар филмҳои худ ба тарвиҷи фарҳанги миллии тоҷикҳо мепардохт . Ин коргардон афзуд : Филмҳои сохташуда тавассути Муҳаббат Сатторӣ боиси ғанои синамои миллӣ дар даврони истиқлоли Тоҷикистон шуд .
Муҳаббат Сатторӣ-мудири ширкати филмсозии « Суҳайл синамо » буд ва дар чанд соли гузашта ба унвони коргардон дар ширкати « Тоҷик филм » кор мекард .
Муҳаббат Сатторӣ дорандаи нишони олии фарҳанги Тоҷикистон ва корманди ифтихории Тоҷикистон буд.
Пайкари марҳӯм дар яке аз қабристонҳои шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд.