Сентябр 05, 2023 12:30 Asia/Dushanbe
  • Раисони донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе гирдиҳам меоянд

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз баргузории дуввумин ҳамоиши раисони донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ ба мизбонии ин кишвар дар шаҳри Душанбе хабар дод.

Ба гузориши Форс, ба мизбонии Тоҷикистон 14 сентябр дар шаҳри Душанбе, дуввумин ҳамоиши руасои донишгоҳҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.

Ин рӯйдод дар чорчӯби панҷумин нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки қарор аст авосити моҳи сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор шавад, барномарезӣ шудааст.

 

Барчасп