Сентябр 12, 2023 14:08 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон мизбони нахустин нишасти вазирони роҳу нақлиёти Осиёи марказӣ

Аввалин нишасти вазирони роҳу нақлиёти кишварҳои Осиёи марказӣ фардо чаҳоршанбе ( 13 сентябр ) ба мизбонии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, аввалин нишасти вазирони вазирони роҳу нақлиёти кишварҳои Осиёи марказӣ фардо чаҳоршанбе дар чорчӯби нишасти машваратии сарони минтақа, ки рӯзҳои 14 - 15 моҳи ҷорӣ дар Душанбе ( пойтахти Тоҷикистон ) барномарезӣ шудааст, баргузор мешавад.

Ин нишаст ба раёсати Азим Иброҳим-вазири роҳу нақлиёти Тоҷикистон ва мушорикат ва суханронии вазирони роҳу нақлиёти Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон ва мудири кулли Ожонси ҳамлу нақл ва иртибототи вобаста ба кабинаи вазирони Туркманистон барпо мешавад .

Вазирони ҳамлу нақли панҷ кишвари Осиёи марказӣ пас аз ин нишаст баёнияи муштаракеро тасвибу музокироти дуҷониба анҷом хоҳанд дод.






 

 

Барчасп