Сентябр 14, 2023 20:05 Asia/Dushanbe
  • Дидори вузарои хориҷаи Осиёи марказӣ дар Душанбе

Дар дидори вазирони умӯри хориҷаи кишварҳои Осиёи марказӣ дастури кори панҷумин нишасти машваратии сарони кишварҳои минтақа,ки дар шаҳри Душанбе- пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд, мавриди баррасӣ ва тавофуқ қарор гирифт.

Ба гузориши хабарнигори хабаргузории Форс дар Душанбе, дар дидори вузарои умӯри хориҷаи кишварҳои Осиёи марказӣ, ки дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд дастури кори панҷумин нишасти машваратии сарони кишварҳои минтақа ва феҳристи асноди ниҳоиро мавриди баррасӣ ва тайид қарор доданд .
Дар ин дидор дар хусӯси заминаҳои тавсеаи ҳамкориҳои муштараки кишварҳои Осиёи марказӣ дар заминаҳои мухталиф ва ҳамчунин масоили муҳими минтақаӣ ва байналмилалӣ табодули назар сурат гирифт .
Дар нишасти сарони Осиёи марказии мавзӯъоти мухталиф ва ба хусӯс фурсатҳо ва чашмандози таъомулоти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардӯстонаи минтақаӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор хоҳад гирифт .
Дар поёни ин нишаст қарор аст баёнияи муштараки сарони Осиёи марказӣ, тавофуқнома дар мавриди тавсеаи ҳамлу нақли заминии минтақаӣ, тавофуқнома дар мавриди сиёсати ҷавонон, шӯрои ҳамоҳангкунандагони миллии нишастҳои машваратии сарони Осиёи марказӣ ва « нақшаи роҳ » дар мавриди ҳимоят аз беҳдошту саломати ҷамъият дар Осиёи марказӣ барои солҳои 2023 - 2025 ба имзо бирасад.
 

 

Барчасп