Дидори Истиқлоли Тоҷикистон бо Аддуҳайли Қатар
Бошгоҳи футболи “ Истиқлол ” дар чорчуби Лигаи қаҳрамонони Осиё - 2023/24 имрӯз ба масофи бошгоҳи “ Аддуҳайл” и Қатар меравад.
Имрӯзи 19 сентябр дидори даври аввали марҳалаи гуруҳии Лигаи қаҳрамонони Осиё 2023/24 байни бошгоҳҳои футбол “ Истиқлол ” ( Тоҷикистон ) ва “ Аддуҳайл ” ( Қатар ) дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Бозӣ аз соъати 21 ба вақти маҳаллӣ оғоз мешавад .
Бо тавваҷуҳ ба натиҷаи қуръакашии марҳалаи гуруҳии Лигаи қаҳрамонони Осиё 2023/24 қаҳрамони Тоҷикистон “ Истиқлол ” и Душанбе дар гуруҳи “ E ” қарор гирифт. Ҳарифони ин бошгоҳ дар ин гуруҳ “ Персполис ” ( Эрон ), “ Аддуҳайл ” ( Қатар ) ва “ Аннаср ” ( Арабистон ) ҳастанд.
Дируз 18 сентябр нишасти хабарӣ дар остонаи бозии марҳилаи гуруҳии Лигаи қаҳрамонони Осиё 2023/24 байни бошгоҳҳои футболи “ Истиқлол ” ( Тоҷикистон ) ва “ Аддуҳайл ” ( Қатар ) баргузор шуд..