Ширкати ҳайати Тоҷикистон дар нишасти солонаи гуруҳи кишварҳои дар ҳоли тавсеаи маҳсӯр дар хушкӣ
(last modified 2023-09-23T06:00:02+00:00 )
Сентябр 23, 2023 11:00 Asia/Dushanbe
  • Ширкати ҳайати Тоҷикистон дар нишасти солонаи гуруҳи кишварҳои дар ҳоли тавсеаи маҳсӯр дар хушкӣ

Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти солонаи гуруҳи кишварҳои дар ҳоли тавсеаи маҳсӯр дар хушкӣ( кишварҳои ба обҳои озод роҳ надошта) ширкат кард.

Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон дар ҳошияи ҳафтоду ҳаштумин нишасти маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид дар шаҳри Нию-Йорк дар нишасти солонаи гуруҳи кишварҳои дар ҳоли тавсеаи маҳсӯр дар хушкӣ ширкат кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон дар суханони худ бар аҳамияти иҷрои зарфияти транзитии кишварҳои маҳсӯр дар хушкӣ, аз ҷумла иҷрои коридорҳои ҳамлу нақл ва транзитии минтақаӣ ба манзури суръат бахшидан дар раванди дастёбӣ ба аҳдофи тавсеаи пойдор таъкид кард .
Сироҷиддини Муҳриддин ҳамчунин ба мавзӯъоти энержӣ, манобеи обу иқлим ишора ва онҳоро ба унвони ҳавзаҳои авлавиятдори кишвараш ном бурд.
Ӯ аз кишварҳои гуруҳи кишварҳои дар ҳоли тавсеаи маҳсӯр дар хушкӣ дархост кард, то аз фурсати даҳаи иқдоми байналмилалииОб барои тавсеаи пойдор 2018 - 2028 ” истифода кунанд ва дар сеюмин конфаронси Душанбе дар мавриди даҳаи об ( июни 2024 ) мушорикати фаъол дошта бошанд.
 

 

Барчасп