Сентябр 25, 2023 18:42 Asia/Dushanbe
  • Медали тиллои Ханжоу дар дастони варзишкори тоҷик
    Медали тиллои Ханжоу дар дастони варзишкори тоҷик

Сомон Маҳмадбеков дар бозиҳои Осиёии Ҳанжоу-2022 медали тилло ба даст овард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, Сомон Маҳмадбеков дар даври аввал бо ду имтиёзи вазарӣ бар Муаяд Звайб аз Фаластин пирӯз шуда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт.

Дар даври чаҳорякниҳоӣ Сомон бо имтиёзи иппон бар Асад Масабирови қирғиз ғалаба намуда, ба даври нимниҳоии бозиҳои Осиёи Ханжоу баромад.

Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг бо Ли Ҷунван аз Кореяи Ҷанубӣ рақобат намуда бар ӯ бо як вазарӣ ғолиб омад ва сазовори медали тилло гардид.

Барчасп